Афзоиши теъдоди гирифторони бемории сил дар Суғд: омор

Ба гурӯҳи шаҳру навоҳии осебпазир аз ин беморӣ Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Мастчоҳ дохил мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Дар вилояти Суғд теъдоди гирифторони бемории сил дар қиёс бо соли 2020 афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Ҳабибулло Муҳиддинзода, сардори Раёсати тандурустӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба қавли Муҳиддинзода, дар соли 2021 дар Суғд 774 мавриди нави гирифторӣ ба бемории сил сабт шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи як соли пеш зиёд аст.

“Дар соли 2021 дар шаҳру навоҳии Суғд 774 бемор ба қайд гирифта шуд, ки 28,1 бемор ба сари ҳар 100 ҳазор аз аҳолӣ рост меояд. Соли 2020 ҳамагӣ 727 бемор ё 27,1 нафар ба сари ҳар 100 ҳазор аз аҳолӣ буд", - иброз намуд Муҳиддинзода.

Бар пояи иттилои идораи тандурустӣ, ҳоло дар умум дар вилояти Суғд 2870 нафар гирифтори сил таҳти назорати табибон қарор доранд. Аз 2450 гирифторони сили шуш, бемории 1133 тан микробхориҷкунанда ё МБС + буда, 1317 нафар гирифтори МБС ё сили ҷузъӣ аст ва 420 нафари дигар ба сили ғайришуш мубтало шудаанд.
Сардори Раёсати тандурустӣ иброз намуд, ки аз 774 мавриди дарёфти бемории сил 52 ҳолат навъи мутобиқгашта будааст. Муолиҷаи ин навъи беморӣ назар ба шакли дигари сил тӯлонитар гуфта мешавад.
Дар Суғд гирифторӣ ва фавт аз бемории СПИД коҳиш ёфт
Коршиносони соҳа мегӯянд, меъёри муътадил барои вилояти Суғд 113 нафар бемор ба 100 000 аҳолӣ аст, аммо рақамҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки дар баъзе аз шаҳру навоҳии ин вилоят ҳодисаҳои сироятёбии аҳолӣ аз бемории сил ба маротиб зиёд аст.
Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, ба гурӯҳи шаҳру навоҳии осебпазир аз ин беморӣ Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, ва Мастчоҳ дохил мешавад.
Раёсати тандурустии Суғд мегӯяд, соли гузашта дар умум 26 нафар гирифтори сил фавтидаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2020 (33 тан) 7 ҳолат камтар аст.
Масъулин норасоии табибони силшиносро яке аз мушкилиҳои ин бахши соҳаи тандурустӣ арзёбӣ карданд.