Президенти Украина Владимир Зеленский чанде пеш эътироф кард, ки Киев аз мақоми кишвари бидуни яроқи ҳастаӣ даст мекашад. Изҳороти Зеленскийро Артем Туров, муовини раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ арзёбӣ кард.
"Ман мутмаинам, ин тавр нахоҳад шуд, мо мефаҳмем ва ман фикр мекунам, тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ низ дарк мекунад, ки Украина як давлати ноустувор аст, ки дар он тайи 20 соли охир мувозинати сиёсӣ ба вуҷуд наомадааст", - шарҳ дод Туров.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки тағйири доимии векторҳои рушди кишвар ҳам боиси таназзули мақомоти давлатӣ ва ҳам дипломатия мегардад.
"Мо он изҳоротҳо, муносибат ба шартномаҳои байналмилалӣ, ба шаҳрвандони худамонро мебинем, аз ин рӯ ман итминон дорам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин (коркарди силоҳи ҳастаӣ дар Украина - идора) роҳ намедиҳад", - таъкид кард коршинос.
Ба эътиқоди коршинос, агар сиёсати раҳбарони Украина ба сӯи тавлиди аслиҳаи қатли ом идома ёбад, ин метавонад ба фоҷеае мунҷар шавад, ки тамоми ҷаҳонро фаро мегирад.
Туров ба хулосае омад, ки баъзе изҳороти Зеленский баъзан бо "воқеияти параллелӣ" ҳаммарз аст.
Қаблан сардабири портали энержии ҳастаӣ "AtomInfo.ru" Александр Уваров андешаҳояшро дар бораи тавлиди силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Украина баён дошт. Ба гуфтаи вай, Киев ҳатман дар бунбасти байналмилалӣ ва таҳти таҳримҳои СММ қарор хоҳад гирифт ва ҳама нерӯгоҳҳои атомӣ дар ин кишвар бояд мутаваққиф шаванд, зеро воридоти маводи сӯхт барои онҳо мамнуъ эълон мешавад.