ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарору фармонҳо дар бахшҳои маориф, гумрук, мақомоти варзишу кор бо ҷавонон тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Саидзода Раҳим Ҳамро - вазири маориф ва илм, Ҷуразода Ҷамшед - муовини якум, Хайрзода Шукрулло ва Абдухолиқзода Лутфия - муовинони вазири маориф таъйин гардиданд.
Бо қарорҳои ҳукумат, Раҳимзода Шабнам-муовини якум, Чоршанбезода Сураҷ ва Собирзода Парвиз мақоми муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзишро соҳиб шудаанд.
Дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудааст, ки Мирзозода Абдуқаҳҳор ва Маҳмадализода Маҳмурод ба вазифаҳои сараудиторони Палатаи ҳисоб таъйин ганданд.
Дар мувофиқа бо раисҷумҳур инчунин сардорони як қатор раёсатҳои Хадамоти гумрук дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва раёсатҳои маорифу тандурустии вилояти Хатлон иваз карда шуданд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо кадрҳои навтаъйин ба ислоҳоти соҳаи маориф, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳаҳои илму маориф, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи илмомузӣ таъкид намудаст. Ӯ муҳим донистааст, завқи толибилмони зинаҳои гуногуни таҳсилот ба омӯзиши дақиқу сареҳи илмҳои замонавӣ, аз ҷумла илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва забоншиносӣ, ҳавасмандии омӯзгорони ҷавон равона карда шавад.