Раҳбарони ҶХД ва ҶХЛ аз Путин хоҳиш карданд, истиқлолашонро эътироф кунад

Раҳбарони ҷумҳуриҳои эътирофнашудаи халқии Донетск ва Луганск бо дархости эътирофи истиқлоли ин ҷумҳуриҳо ба президенти Русия муроҷиат карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Раҳбарони ҷумҳуриҳои эътирофнашудаи халқии Донетск ва Луганск Денис Пушилин ва Леонид Пасечник ба Владимир Путин бо дархости эътирофи истиқлоли ин ҷумҳуриҳо муроҷиат карданд.
Пушилин қайд кард, ки ҳукуматдорони Украина дар бораи бо зурӣ ҳал кардани низоъ қарор карданд, менависад РИА "Новости" бо такя ба "Россия 24".
"Аз номи тамоми мардуми Ҷумҳурии Халқии Донетск аз шумо хоҳиш мекунем, ки Ҷумҳурии Халқии Донетскро ҳамчун давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ эътироф кунед", - гуфтааст Пушилин.
Вай таъкид кард, ки Донбасс талошҳои Маскавро дар раванди музокирот оид ба тавофуқоти Минск баҳои баланд медиҳад.
Тирпаронӣ, гурезаҳо ва низомиён: дар Донбасс чӣ мегузарад - акс
Раҳбари ҶХД дар баробари эътирофи истиқлол аз президенти Русия хостааст, имкони бастани созишномаи ҳамкорӣ ва имкони ҳамкориҳо дар соҳаи дифоъро баррасӣ кунад.
Пушилин афзудааст, ки сокинони Донбасс рӯҳан худро рус эҳсос мекунанд ва ҳадафи аслии онҳо ҳамгироӣ бо Русия аст.