Раҳимзода Раҳмоналӣ вазифаи нав гирифт

Намояндаи дигаре аз хонаводаи Раҳимзодаҳо, ки дар Тоҷикистон шинохта мебошанд, мақоми ҷадид гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон Раҳимзода Раҳмоналӣ Ҳамроро ба мақоми муованати директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент таъйин намуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Раҳимзода Раҳмоналӣ Ҳамро бародари Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муаррифӣ мешавад.
Тафсилоти тағйироти кадрӣ: Аз гумрук то маорифу ҷавонон ва палатаи ҳисоб
Раҳмоналӣ Раҳимзода то ҳол дар мақомоти гумруки Тоҷикистон фаъолият мекард. Аз вазифаҳои асосие, ки Раҳимзода дар бахши гумрук ба уҳда дошт, мубориза бо қочоқ буд. Ӯ солҳо дар мақоми сардори Раёсати ташкили мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ кор кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, инчунин сардорони як қатор раёсатҳои Хадамоти гумрук дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ иваз гардидаанд. Аммо тафсилоти ин тағйирот то кунун расонаӣ нашудааст.