ДУШАНБЕ, 21 фев - Sputnik. Дар фармони президент дар бораи барканории Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ сабабаш зикр гардидаст, иттилоъ дод дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Бар асоси фармони нашршудаи президент, Имомзода бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз вазифа озод гардидааст. Аммо вазифаи нави Имомзода чӣ хоҳад буд, феълан маълум нест.
Дар баробари ин Саидзода Шоҳин, ки аз таъсисёбии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президент роҳбарии ин ниҳодро ба уҳда дошт, аз мақом барканор гардид.
Дар фармони барканории Саидзода низ сабаб гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст, аммо дар бораи вазифаи нави ӯ низ феълан иттилое дар даст нест.
Шоҳин Саидзода писари Нуриддин Саид, вазири маорифи пешин ва роҳбари феълии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи тағйироти кадрӣ дар бахши маориф Саидзода Раҳим Ҳамро - вазири маориф ва илм, Ҷуразода Ҷамшед - муовини якум, Хайрзода Шукрулло ва Абдухолиқзода Лутфия - муовинони вазири маориф таъйин гардиданд. Роҳбарони навтаъйин мутахассисини бахши техникию иқтисод муаррифӣ мегарданд.