ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дар наздикии фурудгоҳи Донетск таркиш ба амал омад, хабар медиҳад РИА "Новости". Бинобар хабари манбаъ, садои таркиш аз масофаи чандин километр шунида мешуд.
Рӯзҳои охир авзоъ дар Донбасс тезутунд шудааст. Киев ба созишҳои қаблан мувофиқшуда эътибор намедиҳад ва қисми зиёди артишро дар хатти даргириҳо мутамаркиз кардааст ва пайваста милисаҳоро бо истифода аз техникаи мамнуъ тирборон мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 18 феврал мошини сардори пулиси халқӣ дар Донетск таркид, аммо худи ӯ осеб надидааст. Ҳамон рӯз дар Луҳанск ду таркиш садо дод.
Даргириҳо дар шарқи Украина ҳашт сол боз идома доранд ва дар ин муддат, ба гуфтаи СММ, беш аз 13 000 нафар қурбонӣ ва ҳудуди 44 000 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Вазъият дар Донбассро Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои НАТО, ки ба Украина аслиҳа ва мушовирони низомиро мефиристанд, вахим менамоянд. Маскав борҳо хостори қатъи интиқоли силоҳ шудааст, зеро ин метавонад Киевро ба моҷароҳои низомии дигар кашад.