Боздошти вазири дифои Қазоқистон: ӯ дар чӣ айбдор мешавад?

Вазири мудофиаи Қазоқистон, ки баъди ҳаводиси моҳи январии соли равон барканор гардид, феълан дар боздошт қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Мурат Бектанов, вазири мудофиаи ҳамакнун собиқи Қазоқистон дар бефаъолиятӣ айбдор мешавад, хабар дод дафтари матбуотии Додситонии кулли ин кишвар.

"Рӯзи 19 феврал Додситонии кул тафтишот алайҳи Бектанов Мурат барои бефаъолиятии хидматӣ аз рӯи моддаи 452-и Кодекси ҷиноии Қазоқистонро оғоз кард", - омадааст дар иттилоия.

Инчунин гуфта мешавад, 20 феврал Бектанов боздошт гардидааст. Додситонӣ аз ифшои маълумоти бештар дар ин хусус худдорӣ намуда, изҳор доштааст, ки ин сирри тафтишот мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон 19 январ аз Бектановро аз мақоми вазири мудофиа барканор намуда, аз касбияташ интиқод намудааст. Маҳз ба ҳамин далел артиши Қазоқистон натавонист, зарфиятҳояшро дар ҳаводиси моҳи январӣ нишон диҳад, муътақид аст президент.
Ин дар ҳолест, ахиран дар Қазоқистон нооромиҳое сурат гирифтанд, ки даҳҳо кушта дар миёни низомиён ва аҳолии мулкӣ бар ҷой гузоштанд. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, дар ин ҳаводис нерӯҳои террористии таълимдида ва воридшуда аз хориҷ даст доштанд.
Мансабдори корхонаи нақлиёти партовбари Душанбе дар фасодкорӣ айбдор мешавад
Ҳамоишҳо аз он оғоз гардиданд, ки рӯзҳои аввали соли равон бархе аз сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Оқтау дар вилояти Мангистауск алайҳи болоравии нархи гази моеъ, ки то ба 120 тенге сари як литр расид, эътироз карданд. Масъулини бахши энергетика ин болоравиро ба афзоиши нарх дар биржаи электронӣ рабт доданд. Мақомоти маҳаллӣ ваъда доданд, ки нархи гази моеъро то 50 тенге дубора поин мебаранд.
Дар пайи эътирозҳо ҳукумат ба истеъфо фиристода шуда, президент дастур дод, ки татбиқи нархи газ аз тариқи биржаи электронӣ то як сол ба таъхир гузошта шавад.