Байден аз Макрон хост, мулоқот бо Путинро ташкил кунад

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хостори мулоқот бо раисҷумҳури Русия шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден аз ҳамтои фаронсавияш хостааст, ки мулоқот бо раисҷумҳури Русия Владимир Путинро ташкил кунад.
Дар ин бора хабаргузории "Reuters" бо такя ба Қасри Елисей хабар додааст.
"Мо мунтазам талош мекунем, раванди ҳаводисро тағйир диҳем. Талоше дорем, дурнамои дипломатие фароҳам созем, ки барои Кремл мақбул бошад", - иқтибос овардааст РИА "Новости" аз суҳбати ёвари раисҷумҳури Фаронса.
Таъкид шудааст, ки Макрон ба ҳайси миёнарав дар ҳалли буҳрони Украина хидмат мекунад.
Дидбонгоҳи марзии Русия дар марз бо Украина нобуд карда шуд: видео
Пештар дар Порис баргузории мулоқоти Путин ва Байденро пешниҳод намуда буданд, ки ҷонибҳо қабул кардаанд. Дар зимн таъкид гардидааст, ки мулоқот дар сурате имконпазир аст, ки Русия ба Украина ворид нашавад. Маскав нақшаи шиддат бахшидани вазъро такзиб мекунад.
Интизор меравад, котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ва вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров зимни мулоқоти рӯзи 24-уми феврал барномаи дидори роҳбарони давлатҳоро таҳия созанд, афзуданд манобеъ аз Қасри Елисей.
Маврид ба зикр аст, ки тайи шабонарӯзи гузашта Макрон ва Путин ду бор телефонӣ суҳбат ва буҳрони Украинаро баррасӣ намудаанд.