ДУШАНБЕ, 20 фев– Sputnik. Ду бародар аз Тоҷикистон дар истгоҳи метрои "Тулская" кормандони пулисаро заданд. Ин ҳодиса рӯзи 17 феврал рух дод ва феълан муҳоҷирон дар боздошт қарор доранд.
Падари ин ду муҳоҷир дар як навори видеоӣ бо таассуф изҳор дошт, ки аз кори фарзандони худ розӣ нест ва "онҳо набояд дар мулки бегона ба ин кор даст мезаданд".
Ба таъкиди Расулҷон Ҳамроев, ба кормандони милиса фарзанди хурдии ӯ, Умар, ки ҳамагӣ 18 сол дорад, дарафтодааст.
"Чун дид, ки кормандони милиса бародарашро бо чӯбдаст (дубинка) заданд, дигар тоқат накард ва ба онҳо ҳамла овард", - мегӯяд Ҳамроев.
Расулҷон Ҳамроев гуфт, бо адвокатҳо суҳбат кардааст ва онҳо гуфтаанд, ки Саидакраму Умар метавонанд бо ҷарима халос шаванд.
Ӯ гуфт, барои таъмини ҳимояти ҳуқуқии фарзандонаш ба кумаки молӣ эҳтиёҷ дорад. Расулҷон Ҳамроев аз ҳамватанон хост, ки барои пардохти пули адвокатҳои фарзандонаш ба ӯ кумак расонанд.
Ёдовар мешавем, пулиси Маскав видеои бозпурсии Саидакрам ва Умарро нашр кард. Умар ҳангоми бозпурсӣ ба ягон савол ҷавоб надода, хомӯширо ихтиёр кард, вале Саидакрам дар шарҳи он ҳодиса гуфт, ӯ ягон муқовимат нишон надода буд.