Таҳримҳои зидди Русия метавонад ба Тоҷикистон зарбаи сахт расонад

Оҷонсии рейтингии "Moody's" он кишварҳои ИДМ-ро ном бурд, ки аз таҳримҳо алайҳи Русия ба далели авзои Украина бештар осеб хоҳанд дид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 фев– Sputnik. Оҷонсии Байналмилалии "Moody's" оқибатҳои ҷорӣ кардани таҳримҳои шадиди Ғарб алайҳи Русияро арзёбӣ кард, менависад "Forbes" бо истинод ба далоили агентӣ.
Дар миёни бархе аз кишварҳои ИДМ, ки аз ҷорӣ шудани чораҳои маҳдудкунанда осеб мебинанд, Тоҷикистон низ ҳаст. Таҳлилгарон мегӯянд, ки яке аз хатарҳои аслӣ барои ин кишварҳо коҳиши интиқоли пул аз сӯйи муҳоҷирони корӣ хоҳад буд.
Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхат, панҷ кишвар дар сурати ҷорӣ кардани чораҳои маҳдудкунанда осебпазиртарин хоҳанд буд, ки инҳо Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Молдова ва Тоҷикистон мебошанд.
Путин: Русия ҷанг намехоҳад
Аммо дар баробари ин, ба эътиқоди таҳлилгарон, коҳиши эҳтимолии иқтисоди Русия ба қобилияти қарздиҳии ду кишвар ба далели коҳиши интиқоли пули муҳоҷирони корӣ, ки ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, 33 ва 30 дарсадро ташкил медиҳад, зарба мезанад.
Агар қурби рубл заиф шавад, он ба арзҳои ИДМ таъсири манфӣ мерасонад ва хатари пардохтпазирии бахусус Беларус, Тоҷикистон ва Гурҷистонро бо қарзи баланди асъори хориҷӣ, эҳтиёҷоти зиёди бозтамвили хориҷӣ ва захираҳои заиф афзоиш медиҳад.
Таҳқиқот мушаххас мекунад, ки агар таҳримҳо боиси коҳиши ҷиддии иқтисоди Русия нашаванд, хатарҳо барои кишварҳои ИДМ нисбатан кам хоҳанд буд.