Муҳаммадтақии Собирӣ: Ҳафтаҳои фарҳангӣ дар Эрон ва Тоҷикистон баргузор мешавад

Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо ишора ба густариши равобити фарҳангии миёни Эрон ва Тоҷикистон гуфт, ки дар ростои тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарии ҳар ду тафар барномаҳои муҳиме пешбинӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ба гуфтаи Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон, баргузории ҳафтаи фарҳангӣ дар шаҳрҳои мухталифи ду кишвар ва ҳафтаи филми миллии Эрон дар Тоҷикистон аз ин барномаҳост.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки имсол ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломотии Эрону Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии мухталифе дар сатҳи ду кишвар пешбинӣ шудааст, ки яке аз ин барномаҳо ҳузур ва иҷрои ду намоиши ду гурӯҳи театрии Тоҷикистон ба даъвати Ҷашнвораи байналмиллалии театрии "Фаҷр" ва Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ дар Эрон аст.
“Бар ин асос гурӯҳҳои намоиши "Фирдавсӣ ва Лаъли Бадахшон" ба унвони меҳмони вижа дар чиҳилумин давраи Ҷашнвораи театрии "Фаҷр" дар Эрон ҳузур ёфта ва ба иҷрои намоиш пардохтанд. Ҳамчунин театри Фирдавсӣ пас аз иҷрои намоиш дар Теҳрон бо ҳамкории идораи кулли фарҳанг ва иршоди исломии Хуросони Разавӣ ва шаҳдорӣ дар Машҳад ҳузур пайдо карда ва ба иҷрои намоиш пардохт”, - гуфт сафир.
Баррасии густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону устони Исфаҳони Эрон
Ҳамчунин Собирӣ бо ишора ба густариши равобити ду кишвар пас аз сафари Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳурӣ Эрон ба Тоҷикистон гуфт, дар сафари раисҷумҳур ба Тоҷикистон ба муносибати ширкат дар иҷлоси сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҳашт тафоҳумномаи ҳамкорӣ ва як баёнияи муштарак байни раисони ҷумҳурии ду кишвар ба имзо расид, ки "умедворем, ба зудӣ шоҳиди иҷроӣ шудани он бошем".
Вай таъкид кард, ки бо таваҷҷуҳ ба иродаи мақомоти олии кишварҳо дар робита ба тавсеаи ҳамкориҳо ин барномаҳо ба зудӣ иҷроӣ хоҳанд шуд.