ДУШАНБЕ, 20 фев– Sputnik. Оҷонсии ҳавошиносӣ мегӯяд дар ВМКБ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, боришот борон дар назар нест. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар қисмати шарқӣ шабона 20-25 ва рзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Манбаъ ҳавои вилояти Хатлонро низ бебориш арзёбӣ намуд. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 14-19 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво тағйирёбанда ва бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа гарм, рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.