ДУШАНБЕ, 20 фев– Sputnik. Донишгоҳи политехникии Кобул замони азсаргирии дарсҳоро эълон кард.
Бинобар иттилои телеграмканали Sputnik Афғонистон, дарсҳо аз 26 феврал оғоз мешаванд.
Гуфта мешавад, дарсҳо ба ду давра тақсим мешаванд. Бахши якум аз соати 7:30 то 10:45 ва бахши дуюм нисфирӯзӣ, аз соати 11:45 то 15:25 баргузор хоҳанд шуд. Бахши аввал барои духтарон ва бахши дуюм барои писарон хоҳад буд.
Ҳамчунин магистрҳо ва донишҷӯёни бахши шабона аз соати 16:00 ба дарс хоҳанд омад.
Вазорати маорифи Афғонистон мегӯяд, аз духтарон хоҳиш карда шудааст, ки ҳатман ҳиҷоб ба бар кунанд.
Ҳамчунин тақозо шудааст, ки онҳо либоси сиёҳи оддӣ бипӯшанд ва он набояд борику шаффоф бошад.
Аксари мактабҳо дар пойтахти Афғонистон аз замони ба сари қудрат омадани толибон дар моҳи гузашта баста шуданд.
Ин иқдоми толибон вокунишҳои густардаеро ба бор овардааст. Дар робита ба ин президенти пешини Афғонистон Ҳомид Карзай гуфта буд, ки духтарони афғонистонӣ бояд ҳарчи зудтар ба мактаб баргарданд.
Карзай таъкид карда буд, ки Афғонистон бидуни занони маълумотдор кишвари пешрафта нахоҳад шуд.