ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ҳашмат Ғанӣ Аҳмадзай, бародари Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирории Афғонистон мегӯяд, саъй дорад, то заминаи баргашти оқои Ғанӣ ба Афғонистон фароҳам шавад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба расонаҳои маҳаллӣ.
Ҳашмат Ғанӣ Аҳмадзай, ки ахиран бо бародараш дар Абузабӣ, пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мулоқот кард, гуфтааст, оқои Ғанӣ мехоҳад "охири умри худро дар Афғонистон сипарӣ кунад".
Вай афзуд, Ғанӣ намехоҳад дар сурати бозгашт ба Афғонистон дар "кунҷи масҷид" дар инзивоъ бошад.
Ба гуфтаи ӯ, дар он сурат беҳтар аст, ҳамчунон дар хориҷ аз кишвар бимонад.
Ҳашмат Ғанӣ Аҳмадзай бо ишора ба бозгашти Салом Раҳимӣ гуфтааст, ки аз Ашраф Ғанӣ намояндагӣ намекунад.
Ашраф Ғанӣ рӯзи 15 августи соли гузашта дар ҳоле ки толибон ба дарвозаи Кобул расида буданд, фавран кишварро тарк ва ҳамин ҳамин тариқ ҳукумату артиши Афғонистонро пароканда кард.