ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Бар зидди шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати нақзи Қонуни муҳоҷират чораҳои сахт, аз ҷумла ихроҷ ва мамнуияти вуруд ба Русия андешида мешаванд.
Дар ин бора зимни ҷаласаи 26-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои узви ИДМ, ки таҳти раёсати муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия, генерал-полковники милитсия Александр Горовой баргузор шуд, таъкид шудааст, хабар медиҳад маркази матбуотии ВКД.
Горовой аз ҳамтоёнаш аз кишварҳои ИДМ даъват кард, ки сатҳи омодагии муҳоҷирони корӣ ва ҷилавгирӣ аз ҷалби онҳо ба равандҳои харобиовар дар қаламрави кишварҳои мизбонро беҳтар кунанд.
"Раиси шӯро аз чораҳои сахтгирона алайҳи шаҳрвандони хориҷӣ, аз ихроҷ аз Русия то мамнуулвуруд кардани онҳо дар сурати нақзи Қонуни муҳоҷират хабар дод", - омадааст дар иттилоияи ВКД.
Ба иттилои вазорат, дар ин нишаст аъзои шӯро ва намояндагони ваколатдор аз Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат карданд.
Намояндагони Туркманистон, Комиссияи иқтисодии Авруосиё ва Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба ҳамчун меҳмон ва нозир дар ин нишаст он ширкат карданд.
Илова бар ин, чунон ки гуфта мешавад, як рӯз қабл ҷаласаи Комиссияи муштараки давлатҳои аъзои Созишнома дар бораи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор гардид.
Тайи ин нишаст масъалаи фаъолияти муассисаҳои махсусгардонидашуда дар кишварҳои узви ИДМ барои ҳифзи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд то давраи муайян кардани мақоми ҳуқуқии онҳо низ баррасӣ шуд, хабар медиҳад ВКД.