ДУШАНБЕ, 19 фев – Sputnik. Маъмурини милиса сокини 27-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар он айбдор мекунанд, ки бо роҳи фиреб аз ҳамсояи наврасаш ҳудуди 40 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, муттаҳам аз моҳи марти соли 2020 то моҳи январи соли 2022 ҳамсояи ноболиғи 15-солаашро моил месозад, ки пулҳои падарашро барои нигоҳдорӣ ба ӯ диҳад.
Таъкид шудааст, ки дар маҷмуъ тайи ин муддат ин мард аз наврас 40 ҳазор доллар гирифта, ҳамаи ин маблағро барои эҳтиёҷоти худаш сарф намудааст.
ВУД афзуд, ки феълан алайҳи муттаҳам бар асоси моддаи 247, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷавобгарӣ барои қаллобиеро муқаррар кардааст, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст.
Ҷазо дар ин ҳолат ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар гардидааст. Инчунин маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол муқаррар гардидааст.