Путину Лукашенко размоиш бо иштироки сегонаи ҳастаиро назорат карданд - видео

Дар доираи размоиш низомиён партоби мушакҳои баллистикӣ ва болдорро анҷом доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ба размоишҳо бо иштироки сегонаи ҳастаӣ оғоз бахшид, хабар дод Кремл.
Ба иттилои манбаъ, Путин ҳамроҳи ҳамтои белорусаш Александр Лукашенко партоби мушакҳоро аз маркази назоратӣ мушоҳида карданд. Сипас раисҷумҳур гузориши ҳайати фармондеҳии Вазорати мудофиаи Русияро шунид.
Дар доираи ин размоиш мушакҳои фаросавтии аэробаллистикии "Кинжал", мушакҳои қанотдор аз ҷониби нерӯҳои дарёии шимолӣ ва баҳри Сиёҳ анҷом дода шуданд.
Нерӯи тахрибнопазир: новгони Хазар дар мудирияти уқёнуси ҷаҳонӣ чӣ гуна кумак мекунад?
Дар размоишгоҳи Капустин Яр мушаки заминии "Искандер" ва аз Плесетск мушаки фароқитъаии "Ярс" партоб шуданд.
Ҳавопаймоҳои мушакбари стратегӣ Ту-95МС мушакҳои қанотдор сар додаанд, ки ҳадафҳо дар размоишгоҳҳои Пембой ва Кураро нобуд кардаанд. Аз киштии зериобии "Карелия" мушаки баллистикии "Синева" партоб шудааст.
Вазорати дифои Русия мегӯяд, тамринҳои мазкур нақшавӣ мебошад. Дар онҳо нерӯ ва васоили қувваҳои ҳавоӣ - кайҳонӣ, Ҳавзаи низомии ҷануб, нерӯҳои мушакии таъйиноти стратегии баҳрҳои Сиёҳ ва Шимол иштирок доранд.
Таъкид шудааст, ки ҳадафи размоиш санҷиши омодагии раёсати низомӣ, васоили ҷангӣ, ҳайати киштиҳо ва мушакбарҳо барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда мебошад. Таҳкими эътимоднокии аслиҳа, аз силоҳи ҳастаию ғайриҳастаӣ аз вазоифи дигари размоишҳо мебошад, афзуданд дар мақомоти мудофиа.