"Пулро намедиҳад": Ҳикматёр гуфт, ИМА талош дорад, қассосашро барои шикаст гирад

Раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон надодани дороиҳои мунҷамидшударо як навъ қасосгирии ИМА барои шикасташ дар Афғонистон медонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 фев– Sputnik. Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон зимни хутбаи ахираш аз толибҳо даъват намуд, ки тамоми тамосҳои дипломатиро бо ИМА қатъ намоянд.
Ҳикматёр зимни суҳбаташ дар пеши намогузорони Кобул аз дороиҳои мунҷамидшудаи Афғонистон зикр кард, ки ИМА онҳоро намедиҳад навиштааст Sputnik Афғонистон.
Ҳикматёр таъкид намудааст, ки бо ИМА то замоне ки раисҷумҳураш Ҷо Байден сиёсати "ковбоёна"- и худро пеш мебарад, ҳич музокироте сурат нагирад.
Ин нуктаҳоро раиси Ҳизби исломӣ дар вокуниш ба фармони раисҷумҳури ИМА баён дошт, ки ахиран 7 миллиард доллар захираи пули Афғонистонро масдуд намуд. Бар асоси санад, ин пул дар бонкҳои Амрико нигоҳ дошта мешавад ва қисме аз он барои оила ва хешу табори афроде, ки дар 11 сентябри соли 2001 кушта шуданд, тақдим мегардад. Нисфи дигараш ба созмонҳои башардӯстонаи Афғонистон меравад.
Афзоиши қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон баъди қудратгирии толибҳо дар Афғонистон
То кунун ин дороиҳо ба ҳисоби махсуси Бонки федералии захиравии Ню Йорк интиқол дода шудаанд. Иҷозат бояд аз ҷониби суди давлатӣ дода шавад.
Бар асоси гузоришҳои нашршуда, Кобул зиёда аз 9 миллиард доллар захираи тилою асъор дорад. Ҳафт миллиарди он дар ИМА, боқимонда дар Олмон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Швейтсария нигоҳ дошта мешаванд.
Вашингтон борҳо таъкид кардааст, ки мақомоти Афғонистон ин маблағро дар бист соли охир асосан ба шарофати кумаки Амрико ҷамъоварӣ кардаанд ва аз додани он ба толибҳо худдорӣ менамоянд.
Толибон қудрат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 гирифтанд. Феълан вазъи башарию иҷтимоӣ дар ин кишвар вахим арзёбӣ шуда, мардум дучори камбуди ғизо гардидаанд.