ДУШАНБЕ, 19 фев– Sputnik. Вазорати умури хориҷии Олмон қатъан ба шаҳрвандонаш тавсия медиҳад, ки Украинаро тарк кунанд, омодааст дар сомонаи ин ниҳод.
"Тавсия дода шуд, ки аз сафар ба Украина худдорӣ карда шавад. Шаҳрвандони Олмонро зарур аст, Украинаро худи ҳозир тарк кунанд", - овардааст РИА "Новости" аз қавли Вазорати умури хориҷии Олмон.
Дар ҳамин ҳол Вазорати умури хориҷии Австрия низ ба истиснои чанд вилоят ҳузури шаҳрвандонашро дар минтақаҳои дигари Украина хатарзо хондааст.
ВУХ Авустрия ба шаҳрвандонаш ҳушдор додааст, аз сафар ба Украина ба ғайр аз вилоятҳои Лвов, моварои Карпат, Ивано-Франковск ва Черновствои ин кишвар худдорӣ кунанд.
"Ба австриягиҳо маслиҳат дода мешавад, ки фавран қаламрави ин кишварро, ба истиснои вилоёти зикршуда тарк кунанд, чун вазъи амниятӣ норӯшан боқӣ мемонад", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки мақомдорони ҷумҳуриҳои худхондаи Луганск ва Донетск рӯзи 18-уми феврал ба тахлияи аҳолии осоишта оғоз карда, аз нияти Киев барои оғози амалиёти низомӣ ҳушдор доданд.
Роҳбарияти вилояти Ростови Русия ба далели зиёд будани гурезаҳо аз Донбасс дар қаламраваш вазъияти фавқулодда эълон карда, барои паноҳандагон бошишгоҳҳои муваққатӣ фароҳам карданд.
Мақомоти Донбассу Луганск мегӯянд, вазъият дар минтақа шиддат гирифта, низомиёни Украина мавзеъҳояшонро ҳадаф қарор додаанд.
Мухолифатҳо дар шарқи Украина беш аз 7,5 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.