Аз роҳбарон то ҷавонону мӯйсафедон: мулоқоти ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон шуруъ шуд

Дар марзи миёни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон мулоқоти ҷонибҳо шуруъ гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 фев – Sputnik. Дар бораи оғози ин мулоқот манобеъ аз ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар мулоқоти ҷонибҳо, ки ҳоло дар тӯйхонаи “Раъно”- и ноҳияи Лайлак ҷараён дорад, ба ҳисоби раисони ноҳияҳо ва дигар масъулони ҳукуматӣ даҳҳо ҷавон ва мӯйсафед низ ширкат доранд.

“Мулоқот соати 10:30 оғоз шуд. Аз ҳар ду ҷониб сокинони зиёде иштирок доранд. Дар ин мулоқот масъалаҳои марзӣ баррасӣ мешаванд” – гуфт, корманди ҳукумат.

Ин манбаъ ҳамчунин дар бораи иштироки сокинони одӣ дар ин мулоқот гуфт, ки “бо дастури роҳбарони ноҳияҳои ҳар ду кишвар мӯйсафедон ва пирони рӯзгордида ҷалб шудаанд”.
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъд аз Исфара дуюмин ноҳияи марзии Суғд бо Қирғизистон маҳсуб мешавад. Ду ҷамоати калонтарини ин ноҳия: Хистеварз 22, 5 километр ва Овчӣ-Қалъача наздик ба 20 километр бо ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон марзи мушатарак доранд.
Раҳмон ва Ҷабборов ба мувофиқа расиданд, ки баҳси марзиро бидуни ҷониби сеюм ҳал мекунанд
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 519 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.
Ахиран рӯзи 11 феврал дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни сокинони ду кишвар боз як баҳси марзӣ сурат гирифт, ки хушбахтона, дер давом накард ва бо роҳи мусолиҳатомез бартараф шуд.
Масъулони ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров он замон гуфта буданд, ки баҳс сари бунёди манзил ва дигар сохтмонҳо дар минтақаҳои баҳснок сар зада ва баъди дахолати кормандони ҳукумат аз ду ҷониб бартараф карда шуд.
Масъулони ноҳия гуфтанд, ки феълан вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором аст.