Ҳабси ҷавоне барои озори модар: шаъну шарафи ӯро дар назди ҳамсоягону атрофиён паст зад

Мақомоти милисаи пойтахт мардеро барои озори модараш муҷозот кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 фев– Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе сокини 31-солаи пойтахт Шарипов Шеравганро барои озори модараш ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир кардааст.
Ба иттилои манбаъ, номбурда дар пайи шикояти модараш боздошт шудааст.
Гуфта мешавад, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ӯ ба нушидани машрубот майл намуда, дар ҳолати сархушӣ нисбати модари худ бо алфози қабеҳ бадгуфторӣ мекардааст.

"Аз ҷумла, номбурда санаи 16-уми феврали соли ҷорӣ низ дар назди манзили истиқоматиашон, воқеъ дар кӯчаи Маяковский нисбати модараш дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафи ӯро дар назди ҳамсоягону атрофиён паст задааст",- афзуд манбаъ.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда Шарипов Шеравган, тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, протоколи маъмурӣ тартиб дода ва аз ҷониби суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъйин шудааст.
Худи боздоштшуда аз кирдори содирнамудааш изҳори таассуфу пушаймонӣ намуда, иброз доштааст, ки дигар ҳеҷ гоҳ модари худро озор нахоҳад дод.
Маврид ба зикр аст, ин нахустин ҳолат нест, ки фарзандро барои модарозорӣ муҷозот мекунанд.
Ҷазои сокини 51-солаи Душанбе барои модарозорӣ
Ба ин монанд қаблан низ дар пайи муроҷиати як модари 76-сола писари 43-солаи ӯ, истиқоматкунандаи ноҳияи Синои пойтахт муҷозода шуда буд.
Муайян гардидааст, ки писар дар ҳолати мастӣ дар назди бинои истиқоматиашон бо овози баланд нисбати модари пиронсолаш дашному суханҳои қабеҳ гуфта, оромии ҳамсояҳоро низ халалдор намудааст.
Додгоҳ дар пайи баррасии ин қазия низ муттаҳамро ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҳукм намуда буд.