Эълони вазъи фавқулодда дар Ростов

Ҳолати фавқулодда дар Ростов ба далели афзоиши гурезаҳо аз Донбасс роҳандозӣ гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 фев– Sputnik. Волии Ростов гуфт, аз соати 10:00-и рӯзи шанбе дар қаламрави вилоят ҳолати фавқулодда эълон гардад.
Василий Голубев, раиси вилояти Ростов ин нуктаро зимни ҷаласаи фаврӣ бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи вазири ҳолатҳои фавқулодда Александр Чуприян изҳор дошт.
Голубев далели ин иқдомро ба афзоиши теъдоди фирориён аз Донбасс ба Ростов рабт дод.
Александр Чуприян низ ин тасмимро дуруст шуморида афзуд, ки аз он ҷонибдорӣ мекунанд.
Ба гуфтаи волии Ростов, тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва аъзои ҳукумат дар қаламрав ба кори шабонарӯзӣ гузашта, ҳар соат гузориш медиҳанд ва дар сурати зарурат фавран ҳисобот аз вазъро пешниҳод мекунанд.
Вазъ дар Донбасс: Тахлияи ҶХД аз занону кӯдакон ва ҳидояти мардони 18 то 55-сола
Ба иттилои расмӣ, феълан ҳудуди 143 паноҳгоҳи муваққатӣ барои герезаҳо дар Ростов омода шудааст. Аллакай марзро то пеш аз зуҳри 19 феврал зиёда аз 10 ҳазор гуреза убур кардаанд, ки аз он 4,5 ҳазор нафар шаҳрванди Русия, 5,8 ҳазор шаҳрванди Украина ва 27 нафар атбои дигар кишварҳо мебошанд.
Ин дар ҳолест, ки мақомдорони Ҷумҳуриҳои Худхондаи Донетск ва Луҳанск мегӯянд, низомиёни Украина мавзеъҳояшонро ҳадаф қарор додаанд.
Леонид Пасечник, роҳбари Ҷумҳурии Худхондаи Луганск низ вазъро муташанниҷ арзёбӣ карда, фармони сафарбарсозии ҳамагониро имзо намудааст. Бар асоси дастури имзошуда, хориҷ шудани ҳамаи мардони аз 18 то 55-сола аз қаламрави Луганск мамнуъ буда, ба мақомдорон иҷозат дода шудааст, ки барои ниёзҳои дифоӣ аз васоити нақлиёт ва дигар моликияти шаҳрвандон истифода намоянд.
Мухолифатҳо дар шарқи Украина беш аз 7,5 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.