ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҷузъиёти садамаи маршбори рӯзи 17 февралро нашр кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод ҳодиса соати 12:50 дақиқа дар километри 158 роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд, ки аз қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд убур мекунад, сурат гирифтааст.
"Имдодгарони бахши КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои Зарафшон ба ҷойи ҳодиса расида, муайян карданд, ки мошини сабукрави тамғаи "Toyota Corolla", ки аз ҷониби хонуми 32-сола, сокини маҳаллаи Лучоби ноҳияи Синои шаҳри Душанбе идора мешуд, ба ҷарӣ сарозер шуд",- афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, ин мошин аз шаҳри Хуҷанд берун шуда, мебоист ба Душанбе мерафт. Сабаби аслии садама дақиқ нест, аммо ба эҳтимоли зиёд дар натиҷаи суръати баланди ҳаракат ронанда натавонистааст аз уҳдаи идораи мошин барояд.
"Дар мошин ғайр аз ронанда боз ду нафари дигар ҳам менишастанд. Ҳамаи онҳо, ки яке марди 34-сола ва дуюмӣ ҳам бонуи 31-сола, сокинони шаҳри Душанбе буданд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд",-афзуд КҲФ.
Манбаъ мегӯяд, наҷотдиҳандагон бо ёрии таҷҳизоти кӯҳгардӣ ба ҷарӣ поин шуданд ва бо истифода аз дастгоҳи вижа ҷасади ҳалокшудагонро аз дохили мошини харобшуда берун оварданд ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супуданд.
Ин ниҳод аз ронандагон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо эҳтиёткор бошанд, суръати ҳаракатро боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд.