ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Гурӯҳи кории Вазорати меҳнати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Абдулғаффор Раҳмонзода барои шиносоӣ бо сохторҳои Вазорати шуғл ва муносбатҳои меҳнатии Ӯзбекистон ба шаҳри Самарқанд сафар кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ин ниҳоди давлатӣ.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки сараввал вохӯрии ҳайат бо муовини якуми ҳокими шаҳри Самарқанд Ҷамшед Уроқов баргузор гардид. Баъд аз шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоии шаҳри Самарқанд ҳозирин дар бораи самтҳои ҳамкорӣ изҳори ақида намуданд.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо сохторҳои Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд ба роҳ монда шуда, бо ин мақсад боздиди мутақобилаи роҳбарони сохторҳо ба амал оварда шавад.
Ҳамзамон гурӯҳи корӣ бо фаъолияти Маркази гуногунманзураи “Ишга мархамат”-и шаҳри Самарқанд шинос шуд.
Бояд гуфт ки чанде пеш гурӯҳи кории Вазорати меҳнат Тоҷикистон аз Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони Вазорати шуғлу муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон дидан карда буд ва бо самтҳои асосии фаъолияти марказ, сохтор, басти вазифаҳо, инчунин нақша ва барномаҳои таълимӣ, тартиби ташкил ва баргузор намудани курсҳои такмили ихтисос ва заминаҳои моддию техникии он шинос шуданд.
Ҳамзамон гурӯҳи корӣ бо мушовири вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон Горбунова Екатерина мулоқот карда, масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самтҳои идоракунии лоиҳаҳои соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои меҳнатиро баррасӣ намуданд.