ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Ахиран дар Қасри Белвю Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон ба раисҷумҳури ин кишвар Франк-Валтер Штайнмайер эътимодномаи худро супорид, иттилоъ додааст котиби матбуотии сафорати кишвар.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар ин маросим сафири Тоҷикистон паёму дуруд ва таманниёти неки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба президенти федералии Германия расонд.
“Пас аз маросими эътимодномасупорӣ вохӯрии президенти федералии Германия бо сафири навтаъйини Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, инчунин маҷмуи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба ва байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд”, - қайд кардааст манбаъ.
Манбаъ мегӯяд, Штайнмайер сафири Тоҷикистонро бинобар ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик ва ба ӯ барору комёбӣ таманно кард.
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи январи соли равон бо фармони кишвардор Иммомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Олмон таъйин шуд.
Номбурда қаблан сафири Тоҷикистон дар Русия буд ва рӯзи дуюми августи соли гузашта бо фармони президент аз ин мақом барканор шуд.