ДУШАНБЕ, 18 фев – Sputnik. Шараф Аваззода, сардори Раёсати Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Суғд дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки ҳоло чанд мансабдор барои даст доштан ба фасодкорӣ дар ҷустуҷӯи мақомот қарор доранд.
“Аз рӯзи таъсисёбии Агентӣ, яъне аз соли 2007 то ин ҷониб аз ҳисоби парвандаҳои ҷиноятии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд 28 нафар дар кофтукоби ҷиноӣ қарор доранд. Соли гузашта як нафар аз ҷониби РВКД дар вилояти Суғд дастгир ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда ба суд ирсол карда шуд”, – гуфт Аваззода.
Ӯ гуфт, ки ҳамаи афроди ҷустуҷӯшаванда мансабдорон буда, аз ҷумла дар ин феҳрист Абдусамад Маннонзода, собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Акбар Холиқзода, собиқ судяи Суди ин ноҳия шомиланд.
Абдусамад Маннонзода, давоми солҳои 2013-2015, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.
Ожонсӣ дар оғози соли 2016, баъди озод шуданаш аз мансаби раисӣ алайҳи Маннонзода бар асоси моддаи 319 қисми 4 банди “г” (гирифтани пора ба миқдори калон)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз намуд.
Масъулони ниҳоди зидди фасод дар Суғд он замон дар шарҳи парвандаи Абдусамад Маннонзода гуфта буданд, ки ӯ дар вақти раиси ноҳия буданаш, барои ҷудо намудани замин ба хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ дар маҷмӯъ 140 ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифтааст.
Умаров Б. У. ҳангоми чаҳор моҳи кор ҳангоми дар вазифаи раиси Ассосиатсияи илмӣ - истеҳсолии ба номи Р. Набиеви ноҳия кор карданаш, бо роҳи қаллобӣ барои ташкили хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ ба ҶДММ "Аҳмадов А” ҷудо намудани қитъаи замин аз ҳисоби хоҷагии номбурда аз шаҳрванд Шарипов М. М. 100 000 доллари ИМА гирифта ба собиқ раиси ноҳия Абдусамад Маннонзода додааст.
Ҳамчунин моҳи марти соли 2014 барои бо қарори худ вобаста намудани қитъаи замини мазкур 14000 доллари ИМА ва автомашинаи сабукрави тамғаи "Тойота камрӣ” бо арзиши 26000 доллари ИМА ба сифати пора гирифтааст”, - шарҳ дода буданд масъулини Ожонс.
Баъди боз шудани парванда алайҳи Абдусамад Маннонзода ба тафтишот ҳозир нашуд ва инак наздик ба ҳафт сол ба ин тараф собиқ раиси ноҳия дар ҷустуҷӯи мақомот қарор дорад.
Акбар Холиқзода, собиқ додраси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров яке дигар аз афроди ҷустуҷӯшаванда маҳсуб мешавад.
Соли 2020 мақомот далелҳои шайъии даст доштани ӯ ба порагириро собит намуда нисбаташ бо моддаи 319 (порагирӣ) парванда боз карда нисбаташ айб эълон намуданд.
Бино ба гуфти мақомот баъди ирсоли парванда Холиқзода ба суд ҳозир нашуда, балки бесабаб ба ҷойи номаълум ғайб зад.
Мақомот мегуянд, ҳоло нисбати ӯ ва 26 мансабдори дигар, ки даст ба фасодкорӣ зада ба ин ҳол фирор кардаанд, парвандаҳои кофтукобӣ оғоз шудааст.