Зиндагии берун аз қонун. Чаро муҳоҷирон дар Русия ғайриқонунӣ ба сар мебаранд?

Коршинос гуфт, ки чӣ тавр метанавон "муҳоҷири ғайриқонунӣ" нашуд ва шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Русия чиро набояд фаромӯш кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Ҳузури аксари муҳоҷирон дар Русия ба далели дер сабти иқомат кардан ғайриқонунӣ мешаванд. Дар ин бора Юрий Московский, директори лоиҳаҳои Бунёди рушди муносибатҳои байналмилалии "Добрососедство" дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "360" хабар дод.

"Агар шумо сабти будубошро як рӯз ба таъхир андозед, аллакай ҳузуратон ғайриқонунӣ аст, ин ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аст", - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи коршинос, як тоифаи дигари муҳоҷирон вуҷуд дорад, ки аксари вақт бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ омехта мешавад. Инҳо шаҳрвандони хориҷие ҳастанд, ки дар кишвар қонунӣ ҳастанд, вале бидуни қайд кор мекунанд.
Бештари вақт чунин шаҳрвандон тавассути хатти "90-180" ба Федератсияи Русия меоянд. Асосан инҳо муҳоҷирони кишварҳои ИДМ мебошанд: ба онҳо иҷозат дода шудааст, ки дар Русия 90 рӯз дар тӯли 180 рӯз бимонанд.
Путин гуфт, бо муҳоҷирони қонуншикан чӣ бояд кард
Хориҷиён ангезаҳои шахсии худро ҳамчун ҳадафи будубош нишон медиҳанд, аммо дар асл онҳо барои кор ба сохтмонҳо ва ё дигар шуғлҳо меоянд, шарҳ дод Московский. Аксари муҳоҷироне ба ин гурӯҳ дохил мешаванд, ки расман вориди Федератсияи Русия шуданд, иҷозаи иқоматашонро тамдид накардаанд, мегӯяд коршинос.
Аммо чунин шаҳрвандон каманд ва ин масъаларо сохторхои дахлдор хуб назорат мекунанд.
Фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ барои корфармоён фоидаовар нест. Ӯ барои як корманди бидуни ҳуҷҷат дар Маскав ва вилоят аз 400 ҳазор то 1 миллион рубл ҷарима месупоранд.
Ҳуснуллин шарти ба сохтмонҳо ҷалб намудани муҳоҷиронро гуфт
Коршинос таъкид кард, ки бархе аз муҳоҷирон бо маоши ҳадди ақал сабти ном шуда, сеяк ё ду ҳиссаи дигарро ба таври ғайриқонунӣ мегиранд. Аммо ин ба хадамоти андоз зуд маълум мешавад.
Бар хилофи эътиқоди маъмул, бисёре аз хориҷиён назар ба русҳо зиёдтар маош мегиранд, зеро онҳо омодаанд, 15-16 соат кор кунанд. Барои ҳамин онҳо ба Русия омадаанд, хулоса кард Московский дар суҳбат бо "360".