"Пул деҳ ё навори урёнатро паҳн мекунам": Боздошти марде барои тамаъҷӯӣ аз зан дар Душанбе

Муттаҳам ҷавонзанро таҳдид кардааст, ки агар пул надиҳад, навору аксҳои урёнашро дар интернет паҳн мекунаду ба бародараш нишон медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 31-сола, сокини шаҳри Душанбе бо иттиҳомои тамаъҷӯӣ хубар доданд.
Ба итилои ВУД, маъмурини милисаи ноҳияи Шоҳмансур муайян кардаанд, ки муттаҳам бо роҳи фиреб ба боварии ҷавонзани 25-сола даромада, ӯро аз тариқи телефони мобилӣ навори видеоӣ ва аксбардорӣ кардааст.
Манбаъ афзуд, ки баъдан марди муттаҳам аз ҷавонзан 10 ҳазор сомонӣ талаб карда, ӯро таҳдид намудааст, ки дар сурати надодани маблағ наворҳои бараҳнаи занро ба хешовандони наздикаш, аз ҷумла бародараш нишон медиҳад. Ӯ инчунин ҳушдор додааст, ки наворҳоро дар шабакаҳои интернетӣ низ паҳн менамояд.
Ду корманди пулиси Душанбе барои "шантаж"-и шаҳрванди Финландия аз кор барканор шуданд
Таъкид шудааст, ки ҷавонзани ҷабрдида ба хотири огоҳӣ наёфтани наздиконаш аз чунин навор ба таҳдидкунанда дар умум 4 ҳазору 500 сомонӣ додааст.
ВУД мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 250, қисми 1-и Кодекси ҷинии Тоҷикистон парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ин банди Кодекси ҷиноӣ барои тамаъҷӯӣ бо таҳдиди бадномкунӣ аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан низ ҳолатҳои бо таҳдиди бадномкунӣ аз занон гирифтани маблағ дар Тоҷикистон ошкор шуда буданд. Ҷабрдидаҳо дар бисёри ҳолатҳо барои пешгирии бадномшавияшон миёни ҷамъият ба тамаъкорон маблағ медиҳанд.