Дар баҳри Ийонӣ, дар наздикии соҳилҳои Юнон кемаи "Euroferry Olympia" оташ гирифт, ки ҳомили 239 мусофир, 51 узви ҳайати киштӣ, 25 худрав ва мошини 153 боркаш будааст. Дар ин бора "Skai.gr" хабар дод.
Дар лаҳзаи рух додани ҳолати фавқулодда киштӣ дар наздикии ҷазираи Эрикус қарор дошта, зери парчами Итолиё аз Игуменисаи Юнон ба Бриндизии Итолиё ҳаракат дошт.
Фармондеҳи кишти тахлияи фаврӣ талаб намуда, мусофиронро бо киштиҳои дигар ба бандари Корф расондаанд.
Дар маҷмуъ аз кемаро аз 278 нафар тахлия карда, 11 нафар мусофири дигар бедаракшуда маҳсуб мешаванд.
Русиягиҳо миёни мусофирон нестанд, изҳор доштааст Никос Канулас, консури фахрии Русия дар ҷазираҳои Корф ва Ийонӣ.
Дар навори нашршуда дар шабакаҳои интернетӣ дида мешавад, ки киштиро оташ фаро гирифта, садои таркиш баланд мешавад. Сабаби аслии сӯхтор феълан маълум нест. Ба макони ҳодоиса наҷотдиҳандагон ва киштиҳои оташнишон равона шудаанд.