Наметарсем ва намеларзем: Эргашев дар бораи ҳарифон ва мушкилии мунтахаби кишвар гуфт

Сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) мегӯяд, ҳарчанд ҳарифон қавиянд, аммо талош мекунанд тамоми тавоноии худро нишон диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 (U-23) баргузор шуд, ки ҳарифони мунтахаби олимпии Тоҷикистон муайян гардид.
Сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Мубин Эргашев дар бораи натоиҷи қуръакашии даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки тими мо дар гурӯҳи D бо тимҳои миллии Арабистони Саудӣ, АМА ва Япония бозӣ мекунад, изҳори назар кард, хабар медиҳад ФФТ.
Ӯ гуфт, агар касе интизор буд, ки дар қисми ниҳоӣ рақибон заиф хоҳанд буд, хато мекунанд. Дар айни замон беҳтарин дастаҳои олимпии Осиё ба Ӯзбекистон меоянд.

"Фикр мекунам, мо дар гурӯҳи қавитаринҳо афтодем. Арабистони Саудӣ, Ҷопон ва ИМА бузургҷуссаҳои футболи Осиё мебошанд. Дар моҳи июн тимҳои миллии ин кишварҳо дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бозӣ намекунанд, аз ин рӯ бозигарон метавонанд дар дастаҳои олимпии худ бозӣ кунанд",- афзуд номбурда.

Ба андешаи мутахассис, ин вазъ ва замони бозӣ метавонаб ба миллипӯшони кишвар таъсир кунад.
Зеро ба гуфти Эргашев, мушкил он аст, ки замони баргузории қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар Ӯзбекистон бо мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои мунтахаби миллӣ рост меояд.
"Тавре ба ҳама маълум аст, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар зиёда аз даҳ бозигари тими олимпӣ ҷалб шудаанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ вазифаҳои худро дорад, ки барои роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мубориза мебарад",- гуфт сармураббӣ.
Дар ҳамин ҳол Эргашев қайд кард, ки бо кадом таркиб ба Тошканд мераванд, ҳоло тасмим нагирифтаанд.
Қавитаринҳои минтақа ҳарифони яккачини Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2022 шуданд
"Мо ҳар ҳарифро ҳурмат мекунем, вале аз касе наметарсем ва дар назди касе намеларзем. Бачаҳои мо аллакай таҷрибаи бозӣ бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ҷопон ва Имороти Муттаҳидаи Арабро доранд. Мо дар ҳар як вохӯрӣ барои холҳо мубориза мебарем ва кӯшиш мекунем, ки ҳама тавоноии худро нишон диҳем",- таъкид кард сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон.
Номбурда гуфт, дар ин рақобатҳо ба пуштибонии мухлисонашон умед бастаанд.
Мавриди зикр аст, ки марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 аз 1 то 19 июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, ки дар он 16 даста ширкат мекунад.