ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Ҳукумати Душанбе мегӯяд, тайи як соли охир сармоягузорӣ дар пойтахт аз ҳамаи сарчашмаҳо ба 4,5 млрд сомонӣ баробар шудааст.
Манбаъ бо нашри як иттилоия эълон дошт, ки сармоягузорӣ дар Душанбе нисбат ба нишондоди соли қаблӣ 362% афзудааст.
Дар мавриди он, ки аз кадом сарчашмаҳо бештар дар пойтахт сармоягузориҳо сурат мегиранд, масъулин изҳор доштанд, ки қариб зиёда аз нисфро пулҳои шахсии шаҳрвандон ташкил медиҳанд.
Аз 4,5 млрд сомонӣ 2,3 млрд ё 51% ба маблағгузориҳои шахсӣ рост меояд. Саҳми давлат дар маблағгузориҳо 43% ё 1,9 млрд сомонирро ташкил додаст.
Сармоягузории хориҷӣ дар Душанбе тайи як соли гузашта муодили 295 млн сомонӣ шудааст, ки баробари 6,5%-и ҳаҷми умумист.
Инчунин ба иттилои шаҳрдорӣ дар пойтахт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 205 млн доллари ИМА татбиқ гардида истодаанд, ки то инҷониб зиёда аз 117 млн доллари он аз худ карда шудаанд. Аз ин ба соли гузашта 28 млн доллар рост меояд.
Масъулин изҳор доштанд, ки барои ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ чорабиниҳои гуногунро баргузор мекунанд. Аз ҷумла Форуми байналмилалии сармоягузорӣ "Душанбе - Инвест 2021" бо ҷалби 400 нафар иштирокчиён ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ зикр гардид, ки зимни он 6 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 87 млн доллар ба имзо расидаанд.