ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ ахиран дар Шӯрои амнияти СММ бар аҳамияти ҳамкориҳои СММ ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон таъкид кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Гутерриш гуфт, "терроризм на танҳо ба амнияти Афғонистон ва минтақа, балки барои тамоми ҷаҳон таҳдиди доимӣ аст. Таҳдиди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, инчунин шабакаҳои ҷиноӣ ва террористӣ афзоиш меёбад."
Ба гуфтаи Гутерриш, ҳамкориҳои минтақаӣ ва байниминтақаӣ як ҷузъи муҳими вокуниш ба чолишҳост.
“Гуфтугӯи минтақаӣ ва ҳамчунин иҷрои қонуну ҳамоҳангии қазоии фаромарзӣ дар ҳоли тақвият аст”, - гуфт дабири кулли СММ.
"Ҳамкории наздики Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои минтақаӣ, аз ҷумла Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар муқобила бо ин таҳдидҳои афзоянда, ҷилавгирӣ аз густариши онҳо, таъмини субот ва дар ниҳоят наҷоти ҷони инсонҳо муҳим хоҳад буд", - афзуд ӯ.