Қавитаринҳои минтақа ҳарифони яккачини Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2022 шуданд

Қавитарин дастаҳои Осиё ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон шуданд, аммо дар Тоҷикистон ба омодагии миллипӯшони кишвар таъкид мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 (U-23) баргузор шуд, ки ҳарифони мунтахаби олимпии Тоҷикистон муайян гардид.

Дар натиҷаи қуръакашӣ дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 16 даста ба 4 гурӯҳи иборат аз чордастаӣ тақсим шуданд.
Тими олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, ИМА ва Ҷопон бозӣ мекунад.
Ин дастаҳо аз қавитаринҳои Осиё ба шумор мераванд ва гурӯҳи “D”-ро гурӯҳи "марг" ҳам мегӯянд, ки баромадан аз он талоши зиёдро талаб мекунад.

Аз ҳар гурӯҳ ду даста мусобиқаро барои ба даст овардани медалҳо идома медиҳанд.
Дастаи футболи Тоҷикистон дар радабандии ФИФА боло рафт
Дар сурате ки тими олимпии Тоҷикистон ба ¼-финал роҳхат гирад, бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С” – Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ветнам, Малайзия вомехӯрад.
Мавриди зикр аст, ки марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 аз 1 то 19 июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад,
Натиҷаи қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 (U-23):

Гурӯҳи "А": Ӯзбекистон, Эрон, Қатар, Туркманистон.
Гурӯҳи "В": Австралия, Урдун, Ироқ, Кувейт.
Гурӯҳи "С": Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ветнам, Малайзия.
Гурӯҳи "D": Арабистони Саудӣ, АМА, Ҷопон, ТОҶИКИСТОН.