Муроҷиати Хуросонӣ ба мардуми Панҷшер: Хонаҳоятонро тарк накунед - навор

Амири амниятии гурӯҳи толибон дар вилояти Панҷшер ба мардуми ин вилоят гуфтааст, ки "хонаҳоятонро тарк накунед"
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Абдулҳамиди Хуросонӣ, амири амнияти толибон дар вилояти Панҷшер аз мардуми ин вилоят хоҳиш кардааст, ки хонаҳои худро тарк накунанд: "Аз хонаҳои худ берун нашавед. Чанд нафар “дузду ғоратгар, авбошону порахӯрон” торумор карда мешаванд.
Хуросонӣ мегӯяд, шуморе аз мардуми саросема ва нигарон дар ҳол кӯчидан аз Панҷшеранд.
Вай афзуд, мунофиқон дар кӯҳистон боиси нигаронии мардум шудаанд.
Оқои Хуросонӣ бори дигар ба мардуми Панҷшер бо таъкид гуфт, ки муқовимат вуҷуд надорад.
Ёдовар мешавем, ки дар чанд моҳи ахир беш аз се бор корвони нерӯҳои толибон, ки ба Ҳомиди Хуросонӣ тааллуқ дорад, ҳадафи ҳамлаи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон қарор гирифт.
Дар ҳамин ҳол, Ҷабҳаи муҷовимати миллӣ ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, онҳо ҳеҷ ҳамлае ба сари Ҳамид Хуросонӣ анҷом надодаанд, балки баръакс ин ҳамлаҳо дасти кори худи толибҳост.