ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, бори нахуст хушкмеваи ватанӣ, аз ҷумла маҳсули ширкати содироткунандаи “Зардолу ва К” ва маҳсулоти аз санг коркардшудаи ширкати “Асрори Санг” ба бозори Имороти Муттаҳидаи Арабӣ роҳ ёфт.
Ба гуфтаи Ҷамшед Ҷумъахонзода, палатаи мазкур ҳамчун танзимгари миллӣ барои дар сатҳи баланд иштирок намудани Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии “Экспо 2020” дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ корҳои муҳимеро ба анҷом расонд.
“Аз ҷумла дар заминаи ин намоишгоҳ ду корхонаи фавқуззикр имкон пайдо намуданд, ки маҳсулоти худро ба бозори Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ворид созанд”, - гуфт ӯ.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамзамон қайд кард, ки соли сипаригардида, тибқи дархости вазорату идораҳо, Палатаи марказӣ ва палатаҳои вилоятӣ дар ташкил ва баргузории 17 намоишгоҳи дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат намуда, иштироки зиёда аз 900 нафар соҳибкори ватаниро ҳам ба таври ҳузурӣ ва ҳам маҷозӣ таъмин намудааст.