Идомаи фасодкориҳо дар як корхонаи давлатӣ дар Хуҷанд: мудири нав низ 2,5 миллионро гирифт

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи раҳбари КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд дар ҳолест, ки раиси қаблии ин корхона низ бо фасодкорӣ айбдор мешуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Директори генералии КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо 2, 5 миллион сомонии корхонаро тасарруф намудааст.
Дар ин бора Фурқат Хоҷазода, прокурори вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Прокурор дар шарҳи вазъи санҷиши қонунгузориҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва молия гуфт, ки Ҳайдар Эшонқулов дар вазифаи директори генералии КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ” кор карда, даст ба фасоди молӣ задааст.
Номбурда тибқи маслиҳати пешакӣ бо шахсони масъули корхона давоми солҳои 2017 – 2021 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои расмӣ дар панҷ ҳолат 2, 5 миллион сомонӣ пули корхонаро тасарруф намудааст.

“Гарчанде корҳои тозакунӣ ва безараргардониро воқеан иҷро накарда бошанд ҳам дар ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ онҳоро ҳамчун иҷрошуда нишон дода бо ин роҳ маблағи пулии корхонаро тасарруф намудаанд",- афзуд прокурор.

Ба иттилои манбаъ, нисбати Эшонқулов Ҳ. ва дигарон бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б”, (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 295 қисми 1 ва 323 (сохтакории хизматӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз ва баъди тафтиши пурра ва ҳамаҷониба ба суд ирсол карда шудааст.
Фурқат Хоҷазода афзуд, зимни санҷиши қонунгузориҳо дар бораи буҷҷети давлатӣ ва молия, хариди давлатии мол ва хизматрасонӣ давоми соли 2021 дар умум 102 ҷиноят ошкор карда шудааст, ки аз ин теъдод 90 адади онҳо ҷиноятҳои коррупсионӣ будаанд.
Дар вақти санҷишҳо ва тафтишоти инчунин парвандаҳои ҷиноятӣ 7, 3 миллион сомонӣ зарар муайян ва барқарор карда шуд.
Аз Спитамен то Панҷакент: эълони фасодзадатарин шаҳру навоҳӣ дар Суғд
Прокурор дар ҳоле аз парвандаи Ҳайдар Эшонқулов ном бурд, ки Фарҳод Раҳимов, директори қаблии КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд ва сармуҳосиби он Шодихӯҷаев низ барои тасарруф намудани 2, 8 миллион сомонии маблағи буҷет гумонбар дониста мешуданд.
Ду сол қабл дар бораи боз шудани парвандаи алайҳи онҳо иттилоъ дода буданд.
Эшонқулов дар соли 2020 ба ҷойи Раҳимов директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд таъйин шуда буд.