Пули барқ, сарфу харҷ ва замину манзил. Дар Суғд имтиёзи омӯзгоронро барқарор мекунанд

Якбора тарки кор намудани теъдоди қобили мулоҳизаи омӯзгорон дар Суғд масъулини соҳаи маорифро водор намудааст, ки дар бораи барқарор намудани имтиёзҳо барои ин қишри ҷомеа тадбир андешанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ дар шарҳи омори муҳоҷирати омӯзгорон гуфт, ин вазъ онҳоро водор намудааст, ки сари барқарор намудани имтиёзҳо барои омӯзгорон андеша кунанд.
Бино ба гуфтаи Осим Каримзода, ҳоло муҳоҷиршавии омӯзгорон дар муқоиса ба солҳои қаблӣ бештар буда, ин омил ба норасоии кадрӣ дар макотиби Суғд боис шудааст.

“Мо омори панҷ соли пешро таҳлил кардем, ки ҳамасола бо сабабҳои гуногун тарки пеша кардани омӯзгорон вуҷуд дошт. Вале имсол шумори онҳо ба 3 ҳазору 754 нафар мерасад, ки рақам нисбати солҳои қаблӣ зиёд аст. Аз ин теъдод 2 ҳазору 303 омӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд”,- гуфт Каримзода.

Масъулони соҳаи маориф ба муҳоҷират рӯ овардани омӯзгоронро ба вазъи иқтисодии хонаводагии онҳо марбут медонанд ва мегӯяд, дар шароити болоравии нархи наво музди маош барои пешбурди зиндагиашон кифоят намекунад ва дар ниҳоят онҳо маҷбур мешаванд, ки ба муҳоҷират раванд ва ё кори омӯзгориро бо дигар касб иваз намоянд.
Сардори идораи маорифи Суғд гуфт, имтиёзҳое, ки замоне омӯзгорон аз онҳо бархурдор буданд, дубора барқарор карда мешаванд.
Саидзода дар бораи тарки касб кардани омӯзгорони тоҷик: Норасоӣ не, ҳаракат гӯед
“Дар ҷаласаи ҳукумати вилояти Суғд зикр карда шуд, ки аз ҷониби ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ ба омӯзгорон, дар ҷиҳати додани пули барқ кумакҳое ироа, сафархарҷии директорони мактабҳо пардохт ва инчунин замини кишоварзию хонаҳои хидматӣ барои эҳтиёҷмандон тақдим карда шавад”, – афзуд Каримзода.
Феълан дар 944 муассисаҳои таҳсилоти умумии Суғд 39 ҳазору 523 омӯзгор фаъолият мекунад. Бар пояи иттилои идораи маориф, алҳол макотиби шаҳру навоҳии Суғд ба беш аз 700 омӯзгори соҳибтахассус ниёз доранд.