Захира кунед: ду ноҳияи Душанбе бе об мемонад

Сокинони аксари кӯчаву маҳаллаҳои ду ноҳияи Душанбе барои як шабонарӯз аз истифодаи оби нӯшокӣ маҳрум хоҳанд шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз маҳдудияти интиқоли об дар бархе аз манотиқи шаҳр хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, бо сабаби амалисозии корҳои таъмирӣ ва барқарорсозии таҷҳизоту иншоот дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт интиқоли об қатъ мегардад.
Маҳдудияти интиқоли об аз соати 23:00-и 17 феврал то 24:00-и 18 феврал, яъне ба муҳлати як шабонарӯз қатъ мегардад.
Нархи оби нӯшокӣ дар Тоҷикистон гарон мешавад ё на? Посухи Усмон Давлатзода
Ҳамин тариқ дар таърихи зикршуда дар гузаргоҳи якуми кӯчаи Мирзо Турсунзода дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Носири Хусрав, Ибни Сино, Умари Хайём, гузаргоҳи якуми Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Мирсаид Миршакар, Шотемур, Пушкин, Теҳрон, Бухоро, Академик Раҷабовҳо, Ҳ. Ҳусейнзода, А. Лоҳутӣ, К. Беҳзод интиқоли обрасонӣ номунтазам мегардад.
Ҳамчунин дар ноҳияи Шоҳмансур: маҳаллаҳои Қурғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон 1 ва 2, кӯчаҳои Дӯстии Халқҳо, Аҳмади Дониш, Истаравшан, Ҳ. Ҳусейнзода, А. Нарзиқулов, Академик Раҷабовҳо ва С. Айнӣ низ интиқоли об қатъ мегардад.
Манбаъ аз шаҳрвандоне, ки дар кӯчаву маҳаллаҳои зикргардида зиндагӣ мекунанд, хоҳиш намудааст, ки барои як шабонарӯз об захира кунанд.