Вуруди як гурӯҳи хориҷиён ба Ӯзбекистон мамнуъ мешавад: кадом гурӯҳ?

Мақомоти Ӯзбекистон вуруди хориҷиёнеро, ки барои убури ғайриқонунии марз ҷарима напардохтаанд, ба кишвар мамнуъ хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Ба Кодекси маъмурии Ӯзбекистон тағйироте ворид мешавад ва бар асоси он, шаҳрвандони хориҷие, ки қоидаҳои вурудро нақз карда, ҷарима напардохтаанд, то се сол аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум мешаванд.
Ин қонунро президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев имзо кард, менависад Sputnik Ӯзбекистон.
Тағйиру иловаҳо аз ҷониби палатаи қонунбарор (поёнӣ)-и парлумон моҳи декабри соли 2021 қабул шуда, аз ҷониби Сенат аввали феврали соли равон тасдиқ гардида, аз лаҳзаи нашри он дар ВАО эътибор пайдо кард.
Тартиботи вуруд ба Қазоқистон тағйир ёфт
"Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд дар сурати напардохтани ҷарима барои вайрон кардани низом дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ӯзбекистон ба тариқи маъмурӣ аз ҳудуди ин кишвар хориҷ карда шуда, аз вуруд ба муддати як сол маҳрум мешавад", - гуфта мешавад дар матни ҳуҷҷат.
Агар шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бори дигар ба ҳамин қонуншиканӣ даст занад, ӯро барои се сол аз ҳаққи вуруд ба Ӯзбекистон маҳрум мекунанд.
Қаблан дар қонунгузории ин кишвар дар бораи манъи вуруд пас аз нақзи убури сарҳад муқаррароте вуҷуд надошт.
Бар асоси Кодекси маъмурӣ, хориҷиёне, ки дар гузаргоҳҳои марзи давлатии Ӯзбекистон низомро нақз мекунанд, бояд аз 75 то 125 доллар ва дар сурати такрори қонуншиканӣ аз 125 то 250 доллар ҷарима пардохт кунанд. Ин қонун дар торномаи рӯзномаи парлумонии "Народное слово" нашр шудааст.