Бино ба иттилои "Рейтерз", дар шимоли Аргентина сӯхтори шадиди ҷангал идома дорад.
Танҳо дар вилояти Корриентес сӯхтор майдони 500 ҳазор гектарро фаро гирифтааст. Ин 6 фоизи масоҳати умумии вилоятро ташкил медиҳад.
Хадамоти махсус берунории оммавии сокинони маҳаллиро анҷом медиҳанд. Дар наздикии маркази музофот, воқеъ дар 800-километрии шимоли Буэнос-Айрес сокинон ва меҳмонон ба ҷойи амн кӯчонида шуданд.
Сабабҳои сар задани сӯхторҳои васеъмиқёс хушксолии тӯлонӣ ва ҳарорати баланди рекордӣ дар минтақа буд.
Феълан маълум нест, ки чӣ теъдод сокинону меҳмонон ба ҷойи бехатар кӯчонида шуданд.
Ҳамчунин маълумот дар мавриди талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ ҳам мунташир нашудааст.