Раиси нави Бӯстон вазъ дар шаҳрро тавзеҳ дод: аз роҳ то корхонаю коронавирус

Раиси навтаъйини шаҳри Бӯстон аз дастовардҳои бахшҳои гуногуни шаҳр, аз ҷумла саноат, тандурустӣ ва маорифу нақлиёт гуфта, нақшаҳояшро баён дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Мавсума Муинӣ, ки ахиран аз мақоми ноиби раиси Душанбе барканор ва шаҳрдори Бӯстон таъйин гардид, гуфт, саноат дар шаҳр майли афзоиш дорад.
Ба иттилои Муинӣ, соли гузашта 4 корхонаи ҷадиди саноатӣ фаъол шуда, зиёда аз 900 ҷойи кории нав фароҳам гардид. Ӯ афзуд, ки ният доранд, 20 корхонаи дигари саноатиро дар шаҳр фаъол намоянд.

"Соли гузашта 36 корхонаи саноатии шаҳр ба маблағи 573,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбати соли 2020 ҳудуди 11% ё 57,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад", - овардааст сомонаи ҳукумати Суғд аз қавли Муинӣ.

Ӯ инчунин ӯ гузориш дод, ки дар ин шаҳр 5 муассиса дар соҳаи маориф, 6 муассиса дар соҳаи тандурустӣ, 2 адад манзили истиқоматӣ, 5 корхонаи саноатӣ, 1 бинои бахши ҳифзи муҳити зист, 1 кошонаи ҳусн, 8 маркази савдо ва хидматрасонӣ, 4 майдончаи варзишӣ сохта ё навсозӣ шудаанд.
Такя ба мардум - ваъдаи Қосим Роҳбар баъди таъйинаш ба раисӣ дар Ҳисор
Дар мавриди бахши нақлиёт раиси навтаъйин изҳор дошт, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 23,8 километр роҳҳо таъмири ҷорӣ ва асосӣ шуданд, ки 118,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Муинӣ аз вазифаҳои асосияш дар мақоми раисиро беҳбуди сатҳи хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ хонда, илова намудааст, феълан ваксинагирӣ алайҳи COVID-19 дар шаҳр идома дорад.