ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Кумитаи Байналмилалии Наҷот ҳушдор медиҳад, ки аз гурунагӣ дар Афғонистон метавонад бештар аз ҷанги 20-сола мардум фавт кунад ва аз Амрикову Иттиҳодияи Аврупо хостааст, то фавран ба буҳрони иқтисодии ин кишвар расидагӣ кунанд.
Кумитаи Байналмилалии Наҷот мегӯяд, бо гузашти шаш моҳ аз тағйири режим дар Афғонистон ҳоло 97 дарсади аҳолии Афғонистон ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ шудааст ва ниёз ба кумакҳои башардӯстона дар саросари кишвар афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои ин манбаъ, бо фарорасии сармои зимистон миллионҳо хонавода дар Афғонистон дар вазъи сангин қарор гирифта, беш аз нисфи аҳолии ин кишвар бо камбуди шадиди ғизо рӯ ба рӯ аст.
Дар пасманзари ин буҳрони башардӯстона Кумитаи Байналмилалии Наҷот хостори таҷдиди фаврии сиёсат шуд ва аз раҳбарони Амрикову Иттиҳодияи Аврупо хостааст, ба буҳрони иқтисодӣ дар Афғонистон расидагӣ кунанд.
Вики Окан, раиси Кумитаи Байналмилалии Наҷот дар Афғонистон гуфт, "кумита дар даҳҳо вазъияти сангин кор кардааст, аммо мо ҳеҷ гоҳ шоҳиди он нашуда будем, ки вазъи кишвар бо суръати зуд бад шавад".
Ба гуфтаи раиси ин кумита, ба фалокат дучор шудани Афғонистон бештар ба сиёсатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ марбут аст, балки на ба ҷангу ҳаводиси табиӣ.
Миллионҳо нафар барои зинда мондан дар Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд, аммо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх бар ин назар аст, ки кумакҳои башардӯстона ҷойгузинии иқдоми ҳукуматро надоранд. Дар он гуфта мешавад, "мардуми оддӣ дар Афғонистон на танҳо кӯмакро сазоворанд, онҳо ба низоми муассири бонкӣ ва иқтисодӣ ниёз доранд, то барои коргарони худ маош диҳанд, ба хонаводаҳои худ ғизо бихаранд".
Дар ҳафтаҳои ахир роҳбарони толибон барои баррасӣ ба дастрасии кумакҳои башардӯстона ду бор ба Аврупо даъват шудаанд. Як ҳайати толибон низ рӯзи сешанбе бо намояндагони Иттиҳодияи Аврупо масоили ҳуқуқи башар ва вазъи кунунии Афғонистонро баррасӣ карданд.