"На тактикаю на бозӣ": интиқоди тунди мураббии собиқ аз нокомии Тоҷикистон дар CAFA

Мураббии собиқи тими миллии Тоҷикистон гуфт, чаро варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти футзал пайваста шикаст мехӯранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Нокомии футзалбозони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷавонони CAFA-2022-ро сатҳи пасти рушди ин навъи варзиш дар кишвар мегӯянд.
Дар ин бора дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон мураббии собиқи тими миллӣ Дамир Камолиддинов ибрози назар кард.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷумҳурӣ аз сабаби набудани ҳавасмандӣ барои рафтан ба ин намуди варзиш футзалбозони ҳирфаӣ вуҷуд надоранд. Он то ҳол дар сатҳи як маҳфил боқӣ мондаанд, ки на бештар аз 50 нафарро ташкил медиҳанд.

"Дар мусобиқаҳои мо дар баъзе маҳаллаҳо сарпарастон ба сабқатҳои муҳаллӣ назар ба тимҳои мунтахаб бештар пул медиҳанд", - таъкид кард Камолиддинов.

Ба гуфтаи ӯ, барои ташаккули як дастаи пурқувват варзишгарон бояд ҳамарӯза тамрин ва дар як сол дар 40-60 сабқат ширкат кунанд.
Илова бар ин Камолиддинов аз кори мураббии нави тими футзали Тоҷикистон, мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ интиқод кард.
"Мо бо ӯ маълумоти якхелаи футзал дорем. Мо як курсро хатм кардем, ҳамон бозиҳоро тамошо кардем. Мутахассисони мо аз ин ҳам бад нестанд. Мо дар футболи бузург ва футболи хурд чунин сатҳ дорем: мо наметавонем ба боло ҷаҳем", - бовар дорад Камолиддинов.
Хорват дар тими миллии футбол: Тоҷикистон аз мураббии нав чӣ интизор аст
Вай гуфт, масъулони тими миллии футзали Тоҷикистон наметавонанд ба “воқеияти кор нигоҳ кунанд".
"Аз куҷо ин қадар эътимод ба мутахассиси хориҷӣ? Ин бачаҳо қаблан дар куҷо бозӣ кардаанд? Чанд бор дар сатҳи боло бозӣ кардаанд? Ман натиҷаи бозиҳои лигаро тамошо кардам: 26-12, 16-6... ин футзал нест. Ин волейбол аст. На тактикаю на бозӣ", - қайд кард мутахассис.
Ба гуфтаи Камолиддинов, варзишгарон пас аз 20 тамрин бо мураббии нав ба бозии беҳтар шуруъ карда наметавонанд.
Аммо вай ба зарурати омӯхтани таҷрибаи Эрон ишора кард. "Дар ин кишвар беш аз 7 миллион бозигар ба футзал машғуланд, ин як парастиши воқеии футболи хурд аст: ҳатто дар саҳни масҷидҳо байни замони намозгузорӣ ин бозиҳо ташкил карда мешаванд", - афзуд ӯ.
"То ҳол дар Тоҷикистон футзал мисли конфет аст: коғази зебо, аммо дохилаш чандон хуб нест", - хулоса кард мутахассис.
Шикаст бо ҳисоби 4:0: Тими Тоҷикистон аз Ҷоми рушд - 2022 бе медал меояд - видео
Қаҳрамонии футзали CAFA-2022 миёни ҷавонон дар Бишкек то 19 феврал идома хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол тими миллии футзали Тоҷикистон натиҷаҳои на чандон хуб нишон медиҳад. Даста дар бозии аввал аз Ӯзбекистон (1:3), дар дувум аз Эрон (1:2) ва дар бозии сеюм аз Афғонистон бо ҳисоби 5:1 шикаст хӯрд.
Варзишгарони тоҷик рӯзи 19 феврал як бозии дигар доранд.
Дар ин рӯз футзалчиён бо дастаи Қирғизистон ба майдон мебароянд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 дар CAFA тими ҷавонони Тоҷикистон медали нуқра ба даст оварда буд.