Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Се ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон: омори нави вазорат

Вазорати тандурустии кишвар боз аз се ҳолати гирифторӣ ба коронавирус хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, дар шабонарӯзи охир се нафар гирифтор шудаанду 8 нафари дигар аз коронавирус шифо ёфтаанд.
Ба иттилои манбаъ, аз оғози пандемияи корона дар Тоҷикистон то ҳол 17 ҳазору 385 нафар гирифтори COVID-19 шудаанд, ки ҳудуди 99,2% ё худ 17249 нафар шифо ёфтаанд. Теъдоди кулли фавтидагон аз ин беморӣ расман 124 нафар гуфта мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Тоҷикистон мавҷи сеюми коронавирус ҷараён дорад. Баъди чанд моҳи сабт нашудани гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон мақомоти тандурустии кишвар 21 январ аз бозгашти ин беморӣ хабар доданд.
Бар асоси омори ироакардаи мақомоти Тоҷикистон, ҳолатҳои ҷадиди гирифторӣ ба коронавирус дар кишвар майли поинравӣ дорад. Дар мавҷи сеюм ягон ҳолати фавт сабт нашудааст.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Чаро карантин дар баробари омикрон бефоида аст: посухи вирусшинос
Дар ҳамин ҳол масъулин беҳтарину муътамадтарин роҳи ҳимоя аз коронавирусро ваксинагирӣ мегӯянд. Мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, феълан ҳудуди 80 дарсади сокинон ваксина гирифта, ин раванд идома дорад.
Ваксинзании зидди COVID-19 барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидаанд, ҳатмӣ мебошад. Дар Тоҷикистон аз ваксинаҳои "Sputnik V", "AstraZeneca", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer" истифода бурда мешавад.
Қобили зикр аст, ки коронавирус дар пасманзари пайдоиши штамми омикрони COVID-19 дар ҷаҳон ба Тоҷикистон баргашт. Аммо масъулини Тоҷикистон тавзеҳ намедиҳанд, ки ҳолатҳои нави ошкоршуда дар ҷумҳурӣ аз кадом навъанд. Қаблан масъулини беҳдошт изҳор дошта буданд, ки таҷҳизот барои муайян кардани штамми омикронро надоранд.