Беш аз ду ҳазор омӯзгори Суғд ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд

Ду ҳазору 303 нафар аз се ҳазору 754 омӯзгори Суғд, ки тарки касб кардаанд, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Раёсати маорифи вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки соли гузашта аз се ҳазору 754 нафар омӯзгори ин вилоят ду ҳазору 303 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.
Ҳамчунин 185 омӯзгор бо сабаби ба кор рафтан дар дигар соҳа, 362 нафар бинобар ба синни ниҳоии нафақа расидан, 54 нафар бо сабаби фавт, 616 нафар бо хоҳиши худ, 126 нафар бинобар иваз кардани ҷои зист ва дигар сабабҳо тарки касб намудаанд.
Дар маҷмуъ шумори омӯзгорони вилоят 39 ҳазору 523 нафар буда, 26 ҳазору 516 нафари онҳо зан мебошанд.
Дар ҳамин ҳол Раёсати маорифи вилояти Суғд таъкид кардааст, ки ба 708 омӯзгор дар муассисаҳои таълимии вилоят ниёз дорад.
Ба иттилои манбаъ, дар соли таҳсили 2021-2022 1100 нафар аз форуғаттаҳсилони гурӯҳҳои буҷавии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии вилоят барои ба ҷойи кор таъмин шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят роҳхат гирифтанд.
Танқисии омӯзгорон дар Хатлон: ду ҳазор муаллим ба муҳоҷират рафт
Аз ин миқдор 845 нафар мутахассиси ҷавон ба ҷои кор ҳозир шудаанд, ки ин нишондиҳанда 76,8 дарсади шумораи умумии хатмкунандагонро ташкил менамояд.
Раёсати маорифи Суғд инчунин қайд кардааст, ки дар ҳоли ҳозир муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо кадрҳои педагогӣ таъмин буда, аз онҳо 278 нафарашон мудир, 15 нафар сармураббӣ, 2006 нафар мураббӣ, 200 нафар омӯзгорони дигар фунун мебошанд ва 1433 нафарашон маълумоти олӣ, 243 нафар олии нопурра, 1 ҳазор 329 нафар маълумоти миёнаи махсус доранд.
Ҳамзамон дар нишаст қайд карда шуд, ки дар вилоят 944 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 2 муасссаи тасилоти ибтидоӣ, 39 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 831 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 33 гимназия, 25 литсей, 1 мактаби президентӣ, 2 мактаб барои хонандагони лаёқатанд, 3 мактаб-кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият дошта, дар онҳо 579 ҳазору 504 нафар, аз ҷумла 283 ҳазору 544 нафар духтар бо таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба соли таҳсили 2020-2021 6 муассисаи таълимӣ ва шумораи хонандагон 14 ҳазору 273 нафар зиёд мебошад.