Наздик ба Тоҷикистон. Толибон ба кадом вилоят нерӯ фиристоданд?

Нерӯи нави ҷанговарон аллакай ба иҷрои вазифаи худ шуруъ намуданд. Ин нерӯ бо фармони мақомот ташкил карда шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Толибон аз таъсиси як лашкари нав дар вилояти Бадахшон, ҳаммарз бо Тоҷикистон хабар доданд. Ин хабарро дафтари матбуотии Вазорати дифоъ, ки аз ҷониби ҷангҷӯён таъсис дода шудааст, тасдиқ намудааст.

"Дар вилояти Бадахшон як лашкри нави низомии "Умри салас" (умри савум) ташкил шуда, ба иҷрои вазифааш шуруъ кард", - гуфтанд дар вазорат.

Ба гуфтаи толибон, ин воҳид "аз рӯи зарурат бо пешниҳоди раҳбарияти Вазорати дифои миллӣ" ва бар асоси дастури мақомоти феълии кишвар таъсис шудааст.
Сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат аллакай фармондеҳ ва муовинони ӯро ба ҷангиёни Файзобод муаррифӣ кардааст.
Афғонистон то ба қудрат расидани толибон ва баъд аз он: аксҳо
Қаблан Вазорати мудофиаи Афғонистон дар бораи таъсиси нерӯ эълон карда буд, ки шумораи он 150 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Илова бар ин нақшаи эъзоми гурӯҳи бузурги ҷангҷӯёни толибон ба самти марзҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон эълом шуд.
Гуфта мешавад, ин нерӯ тақрибан аз 10 000 сарбоз иборат хоҳад буд. Онҳо бо таҷҳизоте, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико ва НАТО боқӣ мондаанд, аз ҷумла ҳавопаймоҳо муҷаҳҳаз хоҳанд шуд.