ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хизмати давлатии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, ба ҳолати аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 18 ҳазору 701 хизматчии давлатии шаҳрвандӣ фаъолият доранд.
Давлатов зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки аз миёни хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ 4 ҳазору 518 ё худ 24,1%-ро занон ташкил медиҳанд.
Теъдоди ҷавонони то 35-сола дар хидмати давлатӣ 9 ҳазору 128 нафар ё ҳудуди 48% арзёбӣ шуд. Ба гуфтаи раиси Агентӣ синни миёнаи хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон 37,1 мебошад.
Шумораи мақомдорони давлатӣ, ки дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд, ба иттилои Давлатов ба 5 ҳазору 764 нафар баробар аст. Аз ин шумора 1 ҳазору 113 нафар занонанд, ки 19,3 дарсади шумораи умумиро ташкил медиҳад.
Раиси Агентии хизмати давлати назди раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди занони роҳбар дар муқоиса бо соли пешӣ 15 нафар зиёд шудааст.
Ҷавонон дар миёни роҳбарон наздики 28% ё худ 1 ҳазору 609 нафаранд, ки ин нишондод дар муқоиса бо солил гузашта 168 нафар зиёд мебошад.
Давлатов инчунин иттилоъ дод, ки 330 нафар ба муҳлати ниҳоии кор дар хизмати давлатӣ расиданд. Аз ин шумора ба Агентии хизмати давлатӣ 84 дархости тамдиди муҳлати кор ворид гардид, ки танҳо 7 дархост қонеъ гардонда шуд, таъкид намуд раис.
Маврид ба зикр аст, ки Комиссияи аттестатсионӣ дар соли гузашта 3 ҳазору 853 мақомдори Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор дода, 427 нафарро ба мансаби ишғолнамудаашон номувофиқ баҳогузорӣ карданд.