ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба хабарҳо атрофи "ҳамла" ба Украина бо ҳазл муносибат мекунад, иттилоъ дод сухангӯяш Дмитрий Песков.
"Баъзан ҳатто шӯхӣ мекунад, мехоҳад, ки фаҳмед, оё вақти дақиқаш, соате, ки ҷанг оғоз мешавад, нашр нашудааст", - изҳор дошт намояндаи Кремл.
Песков гуфт, бо чунин ҷунунии иттилоотӣ имкон надорад, ки бо дарку фаҳм муносибат шавад.
Қаблан рӯзномаи "Politico" бо такя ба манобеи огоҳаш навишт, ки президенти ИМА Ҷо Байден дар суҳбати видеоӣ бо роҳбарони кишварҳои ғарбӣ, аз узви Иттиҳоди Аврупо ва НАТО рӯзи "ҳамла"-и Русия ба Украинаро 16 феврал гуфт. Аврупоиҳо изҳор бо ӯ розӣ нашудаанду яке аз мақомдорон изҳор доштааст, Иттиҳоди Аврупо чунин сурати гирифтани корро рад мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки моҳҳои охир муносиботи Русия ва кишварҳои ғарбӣ беш аз пеш ташаннуҷ пайдо карданд. Вазъият атрофи Украина низ муташанниҷ шуд.
Вашингтон ва Брюссел Маскавро дар омодагӣ ба "ҳамла" ба Украина муттаҳам мекунанд. Дар пасманзари ин иттиҳом нерӯҳои НАТО ҳузурашонро дар кишварҳои Аврупои ғарбӣ таҳким бахшиданд.
Кремл ин иддаоро бепоя хонда, изҳор медорад, ки он ҳамчун баҳона аз сӯйи ИМА ва НАТО барои таҳкими ҳузури низомияшон дар наздикии марз бо Русия истифода мешавад.
Мақомдорони сатҳҳои гуногуни Русия, то вазиру президент борҳо таъкид намуданд, ки Маскав нияти ҳамла ба ягон кишвари ҳамсояи худро надорад ва ҳаракати нерӯҳо, ки боиси ташвиши бархеҳо дар Ғарб гардидааст, дар қаламрави худи ин кишвар сурат мегирад.