ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Комиссияи аттестатсионӣ дар соли гузашта 3 ҳазору 853 мақомдори Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор дод.
Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хидмати давлатии назди раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар пайи санҷиш 427 нафар ба мансаби ишғолнамудаашон номувофиқ баҳогузорӣ шуданд.
Ба гуфтаи Давлатов, аз теъдоди умумии мансабдороне, ки баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанд, 77 нафарашон зан мебошанд.
Дар пайи аттестатсия 225 нафар барои такмили ихтисос, 138 нафар барои гузарондан ба мансаби пасттар ва 64 нафар барои озод намудан аз мансаб пешниҳод гардидаанд, гуфт раиси Агентии хидмати давлатӣ.
Ӯ афзуд, комиссияи аттестатсионӣ 3 ҳазору 426 нафарро ба мақоми ишғолкардаашон мувофиқ донист. Инчунин он тавсия додааст, ки 78 мақомдори санҷидашуда ба мақоми баландтар таъйин гарданд.
Дар баробари ин 84 нафар барои дохил намудан ба захираи кадрҳо ва 118 нафар барои пеш аз муҳлат гирифтани ҷойгоҳи тахассусӣ тавсия гирифтанд, изҳор дошт Давлатов.
Агентии хидмати давлатии назди президенти Тоҷикистон дар маҷмуъ теъдоди хидматчиёни давлатии шаҳрвандиро дар ҷумҳурӣ 18,7 ҳазор нафар арзёбӣ кард.
Роҳбарияти ин ниҳод таъкид намуд, ки қабул ба кор дар мақомҳои давлатӣ аз тариқи озмун сурат гирифта, ба ҳисоби миёна довталабони вазифаҳои холӣ дар соли гузашта ба 1,7 нафар баробар буд.